Ёвари Путин рӯз ва мавзӯъҳои дақиқи мулоқоти як ба як бо Раҳмонро гуфт

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин ба Тоҷикистон меравад ва дар ҳошияи саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти як ба як анҷом медиҳад. Рӯзи мулоқот 15 июн

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков сафари қарибулвуқӯи президенти кишвар Владимир Путинро ба Тоҷикистон тавзеҳ дод.

"Путин дар ҳошияи саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад", - гуфт вай ба рӯзноманигорон.

 Заседание Совета глав государств СНГ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз Путин то Рӯҳонӣ меоянд: шаҳрдорӣ эълон кард, ки кадом кӯчаҳоро дар рӯзи саммит мебандад

Ба қавли Ушаков, мулоқот 15 июн сурат мегирад ва Раҳмону Путин ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дутарафа ва масоили мубрами минтақаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ёвари раисҷумҳур афзудааст, ки Путин дар нишаст аз вазъи Афғонистону Сурия, барномаи ҳастаии Эрон ва вазъ дар нимҷазираи Куриё хоҳад гуфт.

 

"Путин аз аҳамияти ҳамдастии кишварҳо дар сулҳ, ҳалли мушкилиҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, амният ва ҳамкориҳои кишварҳои Осиё дар мубориза бо терроризм изҳор хоҳад дошт", - афзудааст вай.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар доираи саммити мазкур 27 роҳбари кишварҳои дунё меҳмони Тоҷикистон мешаванд.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Туркия Эрдуғон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия  дар назар аст.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба ин МҲТБО даъват шудааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Лентаи хабарҳо
0