ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Душанбе боздид карда дар Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат мекунад, хабар медиҳад котиботи президент.
"Президенти мо рӯзҳои 14-15 июн барои ширкат дар Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, аз Душанбе боздид мекунад",-омадааст дар хабарнома.
Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия дар назар аст.
Пештар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки раисҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ низ ба ин МҲТБО даъват шудааст.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта аст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона воқеъ аст.
Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошад.