ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотӣ Черепанов дар куштори ҳамватани 34-солааш гунаҳкор дониста шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бар асоси далелҳои ҷамъкардаи шуъбаи тафтишотии ноҳияи Тимашевск куштор шаби 11 августи соли 2018 барои як дастгоҳи нерӯдиҳандаи телефони мобилӣ, ё ба истилоҳ “заряддиҳак” сар задааст.
“Шоми 11 август, марди 34-сола дар ҳолати мастӣ ба хонаи Владимир Черепанов дар кӯчаи Бойкои маҳаллаи Медведовск ба меҳмонӣ омадааст. Дар пайи он, ки соҳибхона ба меҳмон иҷозати истифодаи “заряддиҳак”-ро надодааст, миёнашон ҷанҷол хестааст”, - иттилоъ дод Кумитаи тафтишотӣ.
Ин ниҳод афзуд, ки зимни муноқиша Черепанов бо корд ба узвҳои гуногуни бадани меҳмон, аз ҷумла гардану синааш зарба зада, ба қатл расондааст.
Муфаттишон мегӯянд, сипас қотил бо кумаки ду ҳамроҳи дигараш, ки онҳо низ ба меҳмонияш омада будаанд, ҷасадро салафанпеч намуда, дар канори хона дафн кардаанд.
Ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ ҷиноят баъди он ошкор шуд, ки корфармои меҳмони кушташуда аз ғайб задани ӯ хавотир шуда, ба мақомот муроҷиат кардааст.
Дар пайи таҳқиқи ҳодиса Черепанов барои куштор ба 8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуда, парвандаи ду нафари дигар, ки ин ҷиноятро пинҳон доштаанд, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст, хабар додаст Кумитаи тафтишотӣ.