Варақаи овоздиҳии раисиҷумҳури Қазоқистон дар сӯрохии қуттӣ дармонд-акс

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев прибыл в Узбекистан с государственным визитом
Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев прибыл в Узбекистан с государственным визитом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев пас аз яку ним соати оғози интихобот бо вақти Қазоқистон, ба ҳавзаи интихоботӣ ҳозир шуд

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Варақаи овоздиҳии раисиҷумҳури кунунии Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, пас аз овоздиҳӣ ба қуттӣ наафтида дар сӯрохии он дармонд. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.

Танҳо пас аз чанд вақт варақаи овоздиҳии президент ба қуттӣ афтида бо дигар варақаҳо ҳамроҳ шуд.

© Sputnik / Владислав ВодневВарақаи овоздиҳии Қосим Ҷомарт Тоқаев дармонд
Варақаи овоздиҳии раисиҷумҳури Қазоқистон дар сӯрохии қуттӣ дармонд-акс - Sputnik Тоҷикистон
Варақаи овоздиҳии Қосим Ҷомарт Тоқаев дармонд

Қосим Ҷомарт Тоқаев дар ҳавзаи интихоботии воқеъ дар сохтмони театри "Остона Опера" овоз дод.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев пас аз яку ним соати оғози интихобот бо вақти Қазоқистон, ба ҳавзаи интихоботӣ ҳозир шуд.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи якшанбе шашумин интихоботи президентӣ оғоз шуд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол президенти кишвар буд, рӯзи 20 март истеъфо дод.

Выборная корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз раёсати 30-солаи Назарбоев: дар Қазоқистон интихоботи президентӣ оғоз шуд

Ба ҷои ӯ Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки то он дам, раиси палатаи болоии парлумон буд, раиси ҳукумати Қазоқистон шуд. Пас аз се ҳафтаи раёсат Тоқаев дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ қарор баровард.

Имрӯз барои мақоми раисиҷумҳур, ҳафт номзад аз ҷумла Тоқаев аз номи ҳизби Nur Otan, ки раёсаташро Назарбоев бар дӯш дорад, рақобат мекунанд. 

Президентро барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Барои президенти Қазоқистон шудан, номзад бояд 50 дарсади овозҳоро аз худ кунад. Агар ягон номзад, 50%-и овозро нагирад, даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0