Пас аз раёсати 30-солаи Назарбоев: дар Қазоқистон интихоботи президентӣ оғоз шуд

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкВыборная корзина, архивное фото
Выборная корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе шашумин интихоботи президентӣ оғоз шуд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол дар раъси ҳукумат буд, 20 март истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Маросими овоздиҳӣ, имрӯз дар Қазоқистон дар фазои ором идома дорад, хабар медиҳад РИА Новости, бо такя ба нозири мустақили байналмилалӣ, Хосе Луис Ореля.

"Ман аллакай аз чанд ҳавзаи интихоботӣ дидан кардам. Дар ҳамаи ҳавзаҳо фазои ором ҳукмфармо аст",-гуфт Ореля.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки бо чанде аз намояндагони ҳизбҳо суҳбат ҳам кардааст.

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро назорат хоҳанд кард

"Ҳамааш нағз мегузарад, мардум овоз медиҳанд",-гуфт нозир.

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи якшанбе шашумин интихоботи президентӣ оғоз шуд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол президенти кишвар буд, рӯзи 20 март истеъфо дод.

Ба ҷои ӯ Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки то он дам, раиси палатаи болоии парлумон буд, раиси ҳукумати Қазоқистон шуд. Пас аз се ҳафтаи раёсат Тоқаев дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ қарор баровард.

Имрӯз барои мақоми раисиҷумҳур, ҳафт номзад аз ҷумла Тоқаев аз номи ҳизби Nur Otan, ки раёсаташро Назарбоев бар дӯш дорад, рақобат мекунанд. 

Президентро барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Барои президенти Қазоқистон шудан, номзад бояд 50 дарсади овозҳоро аз худ кунад. Агар ягон номзад, 50%-и овозро нагирад, даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0