Намояндагони Тоҷикистон интихоботи раёсатҷумҳурии Қазоқистонро назорат хоҳанд кард

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон шомили маъмурияти назораткунандагони интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи кумитаи марказии интихоботи ҶТ, Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИ ва Наврӯз Самадзода, раиси дастгоҳи КМИ шомили маъмурияти назораткунандагони кумитаи иҷроияи ИКҲ шуданд.

Ҳамчунин, Амрихудо Дамдор, намояндаи маҷлиси пойини порлумони ҶТ низ дар таркиби маъмурияти маҷмӯъи миёнпорлумонии ИКҲ интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистонро назорат хоҳад кард.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 9 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0