Афзоиши колоҳои содиротии Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Экспорт, архивное фото
Экспорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои дафтари умури хориҷаи Тоҷикистон ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба 4 миллиарду 222 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Парс тудэй", муовини гумруки Тоҷикистон аз афзоиши колоҳои содиротии ин кишвар ба 480 маҳсул хабар дод.

Ба гуфтаи Азим Ҳайдар, илова бар афзоиши танаввӯъ дар колоҳои содиротии Тоҷикистон саҳми содирот аз тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба 25, 3 дарсад афзоиш ёфта, ки ин мизон дар соли 2015  20 дарсад будааст.

Муовини гумруки Тоҷикистон афзуд, шумори шарикони тиҷории Тоҷикистон низ дар бозаи замонии солҳои 2015 то 2018, аз 90 кишвар ба 110 кишвар афзоиш ёфтааст.

Сбор урожая в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Хатлон маҳсулоташро ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон ва Украина содирот мекардааст

Бино бар иттилои дафтари умури хориҷаи Тоҷикистон ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба 4 миллиарду 222 миллион доллар расидааст. 

Пештар хабар дода шуд, ки дар зарфи чор моҳ ба Тоҷикистон ба беш аз 1 миллиард доллар молу маҳсулот ворид гардидааст.

Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон ҳаҷми содирот дар зарфи чор моҳи соли равон ҳамагӣ наздики 320 млн. долларро ташкил додааст, ки беш аз се баробар аз воридот зиёдтар аст.

Дар давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот ба кишвар беш аз 51 млн. доллар афзудааст, аммо содироти маҳсулот аз кишвар наздик 12 млн. доллар ё худ ба андозаи 3,6% коҳиш ёфтааст.

Дубай, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мехоҳад ба АМА оби ошомиданӣ содирот намояд

Дар ҳамин ҳол, касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар ин давра  ба 695 млн. доллар баробар шуд.

Ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон давоми чор моҳи соли равон дар маҷмӯъ беш аз 3,1 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 3,1% ё худ наздик ба 40 млн. доллар зиёдтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ апрели соли 2019 Тоҷикистон бо 97 кишвари саросари дунё муомилоти тиҷорӣ доштааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (332 млн. доллар), Қазоқистон (277 млн. доллар) ва Чин (180 млн. доллар) маҳсуб меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0