ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқоти Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумита бо Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир сафири Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумита.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот раиси Кумита ба ҷониби АМА дар бораи ба роҳ мондани боркашонии ҳавоиӣ (КАРГО) байни кишварҳо пешниҳодҳои кард.
Инчунин Ҳамрализода дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла азхудкунии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани намояндагии бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори зарурӣ доир ба нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба АМА пешниҳодҳои мушаххас кардааст .
Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир пешниҳодҳо дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои АМА, аз ҷумла ширкати Заҳир дар самти коркарди меваю сабзавот ва интиқоли минбаъдаи он ба АМА, ширкати Масдар дар самти нерӯи барқароршавандаи энергия ва ширкати Футейм дар самти сохтмон ва истифодабарии марказҳои тиҷоратӣ манзур гардид.
Тарафҳо инчунин барои татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки зимни баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ҳосил гардиданд, таъкид намуданд.
Дар поёни мулоқот аз тарфи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб бастаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қонунгузорӣ вобаста ба сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш пешниҳод гардид.