Пул деҳу хизмат нарав?: корманди комиссариати ҳарбӣ 9000 сомонӣ талаб кард

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие с военными билетами, архивное фото
Военнослужащие с военными билетами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин корманди комиссариати ҳарбӣ боздошт шуда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ идома дорад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Як корманди комиссариати ҳарбӣ барои додани билети ҳарбӣ 9000 сомонӣ талаб кард, хабар медиҳад Агентии мубориза бо фасод.

Бино бар иттилои манбаъ, 18 январи соли 2019 шаҳрванд "Ҳ" сокини ноҳияи Тоҷикобод Ҷамоати деҳоти "Лангари-Шоҳ" деҳаи "Лангари-Шоҳ" бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намудааст.

Ба гуфтаи вай,  корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод Раҳимов Маҳмадраҳим Исоевич аз ӯ барои  билети ҳарбии ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ба номи бародаронаш шаҳрвандон "Б"ва "В" маблағи 9000 сомонӣ талаб намудааст.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобии “корманди Агентии зидди коррупсия”: пул деҳ, ки ҷинояткоронро дастгир кунам

"Худи ҳамон рӯз нисбати Раҳимов М.И. бо моддаи 247 қисми 2 банди "г" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, охирин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани маблаги 9000 сомонӣ дастгир карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳимов М.И. идома дорад.

Пештар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Зиёвиддин Буриев, корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Лутфулло Сарошоевро барои қаллоббӣ ба андозаи 18 ҳазору 250 сомонӣ ҳар кадомро ҷарима баста буд.

Бар асоси маводи парванда, Баротов 10-уи сентябри соли 2018 як ҳазор долларро ба  Сарашоев додааст. Аз ин маблағ 400 долларро Сарошоев ва  600 доллари боқимондаро  Баротов гирифта, ба манфиати худ истифода кардаанд.

Додгоҳ таъкид кардааст, ки дар пайи гирифтани маблағ афроди номбурда ба манфиати Баротов коре анҷом надода, зарари ҷиддии моддӣ расониданд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Буриев Зиёвидин Ҷамолидинович ва Сарашоев Лутфулло Нозимшоевичро бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 18 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки ҷазои мазкур барои Буриев ва Сарошоев, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё  машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0