Пас аз интиқоди Аҳмадзода: ҶДММ “Моҳии Суғд” ду сардхона таъмир кард

Обуна шудан
Дар ин сардхонаҳо метавон 300 тонна моҳиро захира кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Рӯзи 6 июн раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон боздид намуда, бо рафти корҳои ободонию созандагӣ шинос гардидааст.

Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки раиси  вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Моҳии Суғд” ошно шуда, аз сардхонаҳои ҷамъият боздид намудааст.

Бояд гуфт, ки дар аснои боздиди қаблӣ Аҳмадзода аз фаъолияти сусти ҶДММ “Моҳии Суғд” изҳори нигаронӣ карда, барои таъмиру навсозии сардхонаҳо супоришҳо дода буд.

"Роҳбарияти ҷамъият баҳри иҷрои супоришҳои hраиси вилоят корбарӣ намуда, дар муддати кутоҳ ду сардхонаро аз таъмир баровард, ки дар ин сардхонаҳо метавон 300 тонна моҳиро захира кард",-омадааст дар хабарнома.

Эмомали Рахмон в Худжанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон 10 ҳазор моҳичаи амури сафедро сар дод

Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ гардида истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон 20 ҳазор моҳии "сазан" ва "амури сафед"-ро ба дарёи Сир партофт

Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир андешида шуда, дар дарёву обанборҳои вилоят садҳо ҳазор моҳиҳои навъи карп, пешонағафси сафеду ало, амури сафед, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, шофмоҳӣ, жерех ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0