Эмомалӣ Раҳмон 10 ҳазор моҳичаи амури сафедро сар дод

Обуна шудан
Моҳиҳои амури сафед, пешонағафси сафед ва моҳии карп ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд  бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Тавре манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии амури сафедро барои афзоиш сар дод.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи "амури сафед", "пешонағафси сафед" ва моҳии "карп" имконият фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограмм маводи хӯрокӣ таъмин карда мешавад, ки ин аз рӯи нишондод 2 фоизро ташкил медиҳад.
Моҳиҳои "амури сафед", "пешонағафси сафед" ва моҳии "карп" ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.

Тавре дафтари матбуотӣ менависад, дар Тоҷикистон бо ташаббуси раисҷумҳур дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ "Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ" қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

"Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, шаҳрвандони мамлакат бо парвариши моҳӣ ва фурӯши он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар вилояти Хатлон низ имсол барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0