"Занги камолот" - 14 июн: шикояти сокинону шарҳи Вазорати маориф

© Sputnik / Евгений ЕпанчинцевПоследний звонок
Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон то 14 июн идома мекунад. Волидон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки фарзандонашон дар гармии тоқатфарсо ба мактаб мераванд, Вазорати маориф мегӯяд, ки низоми таҳсил дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигар фарқ мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Чанд соли ахир таҳсил дар мактабҳои Тоҷикитон моҳи июн ба анҷом мерасад. Ҳамакнун, "занги охир" дар кишвар "занги камолот"ном дорад ва таҷлили он мамнӯъ аст.

Волидони хонандагон шикоят мекунанд, ки фарзандонашон дар гармии тоқатфарсо ба мактаб мераванд, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳо таҳсил кайҳо ба анҷом расидаасту имтиҳонот оғоз шудаанд. Онҳо даъво доранд, ки кӯдакон соли дароз "монда" шудаанду чаро мисли солҳои қаблӣ ба таътил намебароянд".

Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
Занги камолот нест, вале бетартибӣ дар мактабҳои Душанбе ҳаст

Вазорати маорифи Тоҷикистон бошад, то 14 июн тӯл кашидани таҳсилро тавзеҳ дода гуфтааст, ки низоми омӯзиш дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигар фарқ мекунад.

"Сабаб дар он аст, ки дар аксарияти дабиристонҳо дарсҳо дар ду навбат баргузор мешавад", - гуфтааст сухангӯи ниҳод Эҳсони Хушвақт.

Ба гуфтаи вай, дар ҶТ шумори дарсҳоро афзойиш дода наметавонанд ва барои он, ки донишомӯзон дарсҳои маткабро аз худ кунанд, бояд омӯзиш то 14 июн тӯл бикашад.

Ҳамчунин, пештар дар Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки таҳсил аз 1 август оғоз шавад.

Лентаи хабарҳо
0