https://sputnik.tj/20190606/obuavoshinoson-boronhoi-purshiddat-zhola-Sugd-1029087526.html
Ҳушдори обуҳавошиносон: то 7 июн боронҳои пуршиддат ва жола дар назар аст
Ҳушдори обуҳавошиносон: то 7 июн боронҳои пуршиддат ва жола дар назар аст
Sputnik Тоҷикистон
То 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борони пуршиддат, ба... 06.06.2019, Sputnik Тоҷикистон
2019-06-06T09:15+0500
2019-06-06T09:15+0500
2021-04-19T16:49+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2019
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, боронгарӣ, ҳавои номусоид
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, боронгарӣ, ҳавои номусоид
Ҳушдори обуҳавошиносон: то 7 июн боронҳои пуршиддат ва жола дар назар аст
09:15 06.06.2019 (Навсозишуда: 16:49 19.04.2021) То 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ монда, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боридани борони пуршиддат, ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, боридани борони кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 14-16 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи боронӣ дар баъзе ноҳияҳо пуршиддат шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.