ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Нуралӣ Додалиев, муовини сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯяд, феълан дар вилоят 10 ҳазор мубталои бемории ҷоғар ба қайд гирифта шудаанд.
“Назар ба чанд соли пеш теъдоди мубталоёни бемории ҷоғар дар вилоят ду маротиба коҳиш ёфтааст ва алъон ба ин беморӣ 10 ҳазор нафар гирифторанд”, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ аз қавли Додалиев.
Манбаъ таъкид кардааст, ки истеъмоли намаки бе йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад.
Вазорати тандурустӣ зикр кард, ки барои пешгирии мубталошавӣ ба ин гуна беморӣ соли 2002 қонун “Дар бораи йоднокгардонии намак” қабул гардида буд.
“Пеш аз ин, “Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 1997-2001” дар амал татбиқ гардид. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи бемории ҷоғар дар вилоят коҳиш ёбад”, - таъкид кардааст Вазорати тандурустӣ.