ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сабаби аз мақом рафтанашро шарҳ дод.
“Қарори ман, ки имсол қабул гардид – ин санҷидашуда, таҳлилшуда, баҳри пешрафти кишвар, баҳри оянда ва баҳри давомнокии сиёсате, ки тайи 30 соли охир пешгирӣ шуда буд” – гуфт ӯ дар маҷлиси асосии парлумони ҷумҳурӣ.
Собиқ роҳбари Қазоқистон қайд кардааст, ки ин қадами ӯ намунаи “роҳи ҳали интиқоли қудрат” мебошад. Дар ин ҳол Назарбоев қайд кардааст, ки зангҳои телефонӣ ва мактубҳои роҳбарони кишварҳои гуногун ӯро дар ҳайрат монда буд.
Ёдовар мешавем, ки 19 марти соли ҷорӣ тариқи пахши мустақими шабакаҳои телевизионҳои Қазоқистон Назарбоев аз мақоми роҳбари кишвар рафтанашро эълон кард. Ҳамчунин то интихоби президенти нави кишвар номзадии Қосим-Ҷомарт Тоқаевро ба ҳайси роҳбари кишвар пешниҳод карда буд.
Ҳангоми суҳбаташ Назарбоев ёдовар шуда буд, ки имсол 30 сол мешавад, ки дар сари қудрат аст ва баъди аз Президенти рафтанаш ҳамчун аъзои Шӯрои амният ва Шӯрои Конститутсинӣ боқӣ хоҳад монд.
Интихоботи пешазмуҳлати президенти Қазоқистон 9 июн баргузор мегардад. 7 нафар номҳояшонро ба номзадӣ пешниҳод кардаанд, ки миёни онҳо номи Тоқаев низ ҳаст.