Путин ба Нурсултон Назарбоев мақоми нав пешниҳод кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ В. Путина в Казахстан
Визит президента РФ В. Путина в Казахстан  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия пешниҳод кардааст, ки Нурсултон Назарбоев, нахустин раисиҷумҳури Қазоқистон ба мақоми роҳбари фахрии Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъин карда шавад

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Нур-Султон бо ҳузури роҳбарони кишварҳои узв ва нозир дар шаҳри Нур-Султон идома дорад.

Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмон с первым Президентом Республики Казахстан Нурсултаном Назарбаевым - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати самимиву дӯстона: Раҳмон бо Назарбоев мулоқот кард

Қосим Жомарт Тоқаев, роҳбари Қазоқистон иттилоъ дод, ки Путин бо назардошти саҳми Назарбоев дар ташаккули Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод намудааст, ки ба ӯ мақоми роҳбари фахрии Шӯрои олии ин созмон дода шавад.

Ба гуфтаи Тоқаев, бо шарофати дурандешии сиёсии Назарбоев ва биниши стратегии ӯ ҳамгироии АвруОсиё ба воқеият табдил ёфт. Раисиҷумҳури Қазоқистон таъкид кардааст, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё намои иқтисодӣ ва геополитикии минтақаро дигаргун кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки 29 май зери роҳбарии Тоқаев дар шаҳри Нур-Султон ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҷараён дорад.

Назарбаев пустил слезу на съезде Nur Otan - Sputnik Тоҷикистон
Ашкрезии Назарбоев ва хандаи Тоқаев дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳизбӣ - видео

Дар ин ҳамоиш баробари роҳбарони кишварҳои узви созмон, инчунин раисиҷумҳури Молдова ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок доранд.

Дар ҳошияи ин сафар ба Нур-Султон Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури Қазоқистон мулоқот карда, дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Қазоқистон суҳбат кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.

Лентаи хабарҳо
0