ВУД Тоҷикистон: волидайн кӯдакон ва наврасонро дар роҳ беназорат нагузоранд

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати БДА ВУД Тоҷикистон эълон намудааст, ки жар рӯзи саиди Фитр қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Раёсати БДА ВУД Тоҷикистон ба хотири дар гашту гузарҳо зиёд шудани зиёд гардидани мардум, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошанд.

Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рейди шабона: БДА "лексусрон"-ҳову "тайотарон"-ҳои қонуншикани Душанберо муайян кард

“Дар ин рӯзи саид аз тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намоянд. Ронандагони муҳтарам! Чун дар ин рӯз дар роҳҳо гаштугузори мардум зиёд мегардад, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошед”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин раёсати БДА ВУД Тоҷикистон аз волидайни хоҳиш гамудааст, ки дар ин рӯз ва ҳама рӯзҳо кӯдакон ва наврасонро дар роҳ беназорат нагузоранд.

Лентаи хабарҳо
0