ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон қарореро дар бораи таъин намудани Исмоилова Вера Рустамовна ба вазифаи директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон ба имзо расонд.
Инчунин тибқи қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Вера Исмоилова Намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Ширкати байнидавлатии симо ва садои “Мир” таъин карда шавад.
Инчунин тибқи қарори президенти кишвар Убайдзода Иззатулло аз вазифаи муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.