Дӯстӣ аз сар: имзои Ёддошт оид ба амният байни Тоҷикистон ва Эрон

© ВУХЁддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омили рушди ҳамкориҳои дуҷониба
Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омили рушди ҳамкориҳои дуҷониба - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният имзо шуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ба гузориши ВУХ Тоҷикистон, дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 1 июни соли 2019 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”-ро ба имзо расониданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда, робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳо тақвият меёбанд: Орумбекзода бо сафири Эрон масоили фарҳангиро баррасӣ кард

Муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар водор месозанд, ки муносибатҳои дутарафа дар сатҳи баланд барқарор ва рушд ёбанд.

Бинобар доман паҳн кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир вазирони корҳои хориҷии ду кишвар аҳамияти муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин зуҳуроти хатарзо муҳим дониста, қарор доданд, ки дар ин замина ҳамкориҳои дуҷонибаро васеъ ва фарогир ба роҳ монанд.

Имзои “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”, ки ҷиҳати густариш бахшидан ба равобити мақомоти амниятии ду кишвар дар ин ҷода мусоидат менамояд, арзишманд арзёбӣ гардид.

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо, пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, киберҷиноятҳо, пешгирии барасмиятдарории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд.

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Эрон чиро баррасӣ кард?

Дар Ёддошти тафоҳум омадааст, ки тарафҳо “аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд”.

Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ хоҳад кард.

Дар баробари ин, тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳамкориро доир ба мубодилаи иттилоот оид ба самтҳое, ки дар боло зикр гардиданд, густариш бахшида, хамдигарро бо маводи илмию таълимӣ таъмин месозанд ва барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак тадбир андешида, дар қаламрави давлатҳо таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд, кумакҳои моддию техникӣ расонида, аз таҷрибаи якдигар истифода мекунанд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки расонаҳои ҳар ду ҷониб минбаъд ба нафъи ғояву ормонҳои миллии ҳар ду кишвар хидмат карда, дар тарғибу густариши бештари муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳанд намуд.

Лентаи хабарҳо
0