ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко рӯзи душанбе дар бораи сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар хабар дод.
Зимни дидор бо сафири Тоҷикистон дар Белорус, Муҳаммадшариф Ҳақдод, президенти Белорус гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар остонаи ҷамъбасти бозиҳои Урупоӣ дар Белорус, дар меҳмонӣ интизор аст.
Ӯ қайд кард, ки Раҳмонро дар Белорус мешиносанд ва дӯст медоранд.
"Ӯро на натанҳо элита мешиносад. Эмомалӣ Шариповичро мардуми Белорус нағз мешиносад. Мо сафари ӯро интизор ҳастем",-гуфт Лукашенко.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш аз маросими ҷамъбасти Бозиҳои Урупоӣ дар Белорус, 30 июн барои аз наздик ошно шудан бо табиати ин кишвар, сафар хоҳад кард.
“Табиатан Белорус аз табиати шумо фарқ дорад. Аммо кишвари шумо мавзеъҳои монанди Белорусро низ дорад, маро ба он ноҳияҳо бурданд, нишон доданд. Ӯ чанд рӯз дар ин ҷо мемонад ва мо бояд якҷоя аз ӯ сазовор истиқбол кунем”, - гуфт Лукашенко.
Дар ин сафар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва қарордодҳои мувофиқашуда баррасӣ хоҳд шуд.