ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Лукашенко 3 июн дар мулоқот бо Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Белорус гуфт, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷамъбасти бозиҳои Аврупоӣ ба Белорус ояд.
Бозиҳои Аврупоӣ аз 21 то 30 июн дар шаҳри Минск баргузор мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус, Лукашенко изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз дар ин кишвар мемонад ва ҷонибҳо раванди татбиқи созишҳои ҷойдоштаро баррасӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Белорус, дар ин кишвар Раҳмонро на танҳо элита ва сиёсатмадорҳо балки оммаи мардум хуб мешиносад ва сафарашро интизоранд.
“Аз наздик бо Белорус шинос мешавад, ки табиатан аз кишвари шумо фарқ дорад. Дар шумо бештар куҳсор аст, мутаассифона дар мо нест. Аммо кишвари шумо мавзеъҳои монанди Белорусро низ дорад, маро ба он ноҳияҳо бурданд, нишон доданд. Ӯ чанд рӯз рӯз дар ин ҷо мемонад ва мо бо шумо бояд истиқболи сазовор кунем”, - изҳор дошт Лукашенко дар хитоб ба сафири Тоҷикистон.
Раисиҷумҳури Белорус бисёр муҳим хонд, ки тавофуқоти ҳосилшудаи ду кишвар амалӣ гарданд, чун ду ҷониб нақшаи амал доранду он бояд татбиқ шавад.
Ӯ аз созиш бо ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ташкили боғҳои дӯстӣ дар Белорус зикр карда, гуфт, ки аллакай ниҳолҳои мевадор аз Тоҷикистон дар вилоятҳои Брест ва Гомел мавҷуд мебошанд.
“Агар пеш равад, шумо пешоҳангҳои интиқоли боғҳои ҷануби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Белорус хоҳед буд. Фикр мекунам, ин кор муваффақ хоҳад буд”, - афзуд Лукашенко.
Ӯ ҳамчунин аз тавлиди тракторҳои Белорус дар шаҳри Ҳисор зикр карда, гуфт дар кишварҳои ҳамсоя низ ба онҳо талаботи зиёд аст. Раисиҷумҳури Белорус барои густариши ҳамкориҳо дар ин бахш бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Белорус, Лукашенко на танҳо аз паҳлуҳои мусбат, балки аз камбудиҳо низ суҳбат карда, аз коҳиши додугирифти мол миёни ду кишвар изҳори нигаронӣ наму. Ӯ таъкид кард, ки Вазорати умури хориҷии ду кишвар ва Ҳукуматҳо бояд сари ин масъала кор кунанду роҳи баромад ба кишварҳои сеюмро низ пайдо намоянд.