Аҳмадзода ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондара, ки аз сел зарар диданд, чӣ ваъда дод?

Обуна шудан
Бар асари боронҳои пайдарпайи шаби 5 апрел дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии бархе аз сокинон аз лойу об зарар дид

ДУШАНБЕ, 9 апр - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Амондара боздид намуда, бо сокинон дидору гуфтугӯ кард.

Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон
“Моро мумкин ин сел барад”: навори сели мудҳиш дар Хатлон

Зимни мулоқот, раиси вилояти Суғд аз мушкилоту камбудиҳои сокинон хабардор шуд ва ба масъулин барои ҳалли мушкилот супоришҳо дод.  

Аз ҷумла Раҷаббой Аҳмадзода, ба масъулини ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дод, ки техникаҳои заруриро ҷудо намуда, барои тоза сохтани сой ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Манбаъ қайд намудааст, ки барои тоза кардани сой ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0