Қадрдонии президентӣ: Мирзиёев ба мактабхон барои шеъри офаридааш мошин туҳфа кард

© УзААвтомобиль в подарок: Шавкат Мирзиёев оценил стихотворение школьницы
Автомобиль в подарок: Шавкат Мирзиёев оценил стихотворение школьницы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев,раисҷумҳури Узбакистон ба хонаводаи духтарчаи мактабхон барои шеъри офаридааш доир ба панҷ ташаббуси роҳбар, мошин туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik.  Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ба хонаводаи духтарчаи мактабхон, ки дар бораи паҷ ташаббуси роҳбари кишвар шеър офаридааст, мошин туҳфа кард, иттилоъ додааст Podrobno.uz.

Рӯзи шанбе роҳбари Узбакистон ба Боғи ҷавонон ба маҳалаи Бустон рафт ва аз рафти корҳое, ки дар доираи панҷ ташаббус анҷом мешаванд ошно шуд.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев на саммите ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев ба писаракони ҳамномаш мошин ҳадя кард: падари кӯдакон ба садама дучор шуд

Назди раисҷумҳур Фазилат Ёқубова хонандаи мактаб баромад намуд ва дар бораи панҷ ташаббуси роҳбари кишвар шеърхонӣ кард.

Шавкат Мирзиёев ба хонаводаи духтарчаи мактабхон мошин туҳфа кард ва пешниҳод намуд, ки дар хонаи онҳо китобхонае, ба номи “Фазилат” ташкил кунанд.

Қаблан, ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев  ба Тоҷикистон, роҳбари Узбакистон дар хоҷагии “Боғи Сомон” ба роҳбари хоҷагӣ – Камол Мадумаров, деҳқони узбактабори маъруфи Тоҷикистон мошини “Captiva”-и тавлиди Узбакистон туҳфа кард.

Мирзиёев инчунин зимни боздид аз хоҷагии “Ватан” ба роҳбари он – Неъмат Усмонов мошини узбакистонии “Captiva” тақдим намудааст.

Лентаи хабарҳо
0