Мансабдори давлатӣ дар гирифтани 1,2 миллион сомонии соҳибкор айбдор мешавад

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи мудири корхонаи давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки бо баҳонаи тиҷорат маблағи калонро аз худ кардааст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, марди 50-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ҳамин ноҳия, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қалобӣ дастгир карда шуд. 

Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб – 2016” ронандаҳо тайёр мекард?

“Номбурда, аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи декабри соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 44-солаи сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи мазкур даромада, бо баҳонаи бо тиҷорат машғул шудан, аз ӯ 1 миллиону 198 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бар асоси моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Назари худи муттаҳам дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди ниҳоди дигари давлатӣ бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод.

Лентаи хабарҳо
0