"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб – 2016” ронандаҳо тайёр мекард?

© PixabayВодитель за рулем автомобиля, архивное фото
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон Муродалӣ Мирзоев, муассиси мактаби ронандагии “Меҳроб – 2016”-ро дар қаллобӣ ва ришвагирии тиҷоратӣ муттаҳам мекунад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Мирзоев Муродалӣ Бердиевич соли 2016 ҶДММ “Меҳроб-2016”-ро таъсис дода, бо гирифтани маблағ аз шаҳрвандон бидуни таҳсил номашонро ба феҳрасти хатмкунандагон шомил мекардааст.

Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баъди интиқоди Президент: парванда зидди Орзуев барои қочоқи мол ба 12 миллион сомонӣ

“Мирзоев Муродалӣ моҳи декабри соли 2018 аз шаҳрванд “А” барои бидуни таҳсил додани шаҳодатномаи хатми курси ронандагӣ ва дар асоси он минбаъд гирифта додани шаҳодатномаи ронандагӣ бо дараҷаи “В”, аз охирон  2800 сомонӣ талаб намуда, аз он маблағи 1700 сомониашро ба сифати ришва гирифта, ному насаби охиронро ба руйхати курси ронандагии дараҷаи "В" ворид намуд”, - омадааст дар иттилоияи Ожонси зидди фасод.

Манбаъ афзуд, ки ба ҳамин монанд Мирзоев моҳи декабри соли 2018  аз шаҳрванд “А” барои бидуни таҳсил додани шаҳодатномаи хатми курси ронандагӣ ба бародараш - шаҳрванд “Б” 2800 сомонӣ талаб намуда, аз он 1800 сомониашро ба сифати ришва гирифтааст.  Ин ниҳод афзуд, ки сипас Мирзоев ному насаби шаҳрванд “Б” -ро дар руйхати курси ронандагии дараҷаи "В" ворид намуд.

Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рейди шабона: БДА "лексусрон"-ҳову "тайотарон"-ҳои қонуншикани Душанберо муайян кард

“Мирзоев бо ҳамин тарзу усул аз шаҳрванд “А” маблағи 1000 сомонӣ, аз шаҳрванд “В” маблағи 2225 сомонӣ ва аз шаҳрванд “Г” маблағи 7000 сомонӣ талаб намуда, гирифтааст”, - иттилоъ додааст Ожонси зидди фасод.

Ин ниҳод таъкид кард, ки нисбати Мирзоев бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ ва моддаи 279 – ришвагирии тиҷорӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст.

Феълан назари худи айбдоршаванда ва қарори додгоҳ дар ин бора маълум нест.

Ин дар ҳолест, ки низоми ронандатайёркунӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳои фасодзада арзёбӣ мешавад, ки порахӯрӣ дар он ба таври густурда паҳн шудааст.

Лентаи хабарҳо
0