Шӯрои уламо: дар Маркази исломӣ касе ба вазифаи "ҷинбарор" таъйин нашудааст

© акс аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар РусияСаидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, бо хондани оятҳои махсуси қуръонӣ ҷин аз бадани инсони бемор бо изни Худованд хориҷ мешавад, вале дар Маркази исломӣ касе ба ин машғул нест

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ ҳолати ҷой гирифтани ҷин дар бадани инсон вомехӯрад ва онро бо хондани оятҳои вижа мешавад берун кард.

Дар ин росто корбари вебгоҳи Маркази исломии Тоҷикистон суол кардааст.

"Мегўянд, ки одамро ҷин задааст. Ин сухан то кадом андоза дуруст аст? Агар дуруст бошад, баровардани ҷин аз бадан мумкин аст? Дар Маркази исломӣ ин амал ба ҷо оварда мешавад?",-пурсидааст Парвиз.

Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламо гуфт, наврасони тоҷик дар куҷо намози таровеҳ гузоранд

"Бародари азиз, бо хондани оятҳои махсуси қуръонӣ ҷин аз бадани инсони бемор бо изни Худованд хориҷ мешавад, вале дар Маркази исломӣ шахсе ё нафаре ба ин вазифа муқаррар нашудааст. Албатта мешунавем, ки дар кишвар чунин ашхос вуҷуд доранд",-посух додааст Шӯрои уламо.

Пештар корбари дигаре аз Шӯрои уламо суол карда буд, ки оё мудаҳо суханони зиндаҳоро шунида метавонанд?

Шӯрои уламо дар посух ба ин суол гуфта буд:

"Мурдагон суханони зиндагонро мешунаванд ва Худованд қобилияти шуниданро дар онҳо халқ мекунад.  Рўҳи мурдагон дар олами зиндагон сайр мекунанд".

Лентаи хабарҳо
0