Шӯрои уламо гуфт, наврасони тоҷик дар куҷо намози таровеҳ гузоранд

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкНамози таровеҳ дар моҳи Рамазон
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҷои намозгузории наврасонро гуфт

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, наврасон бояд намози таровеҳро дар хона, ҳамроҳи аҳли оила гузорад.

"Ман ба балоғат расидам ва гузоридани намоз бар зиммаам фарз гардид. Айни замон рафтани кўдакони то 18-сола ба масҷид манъ аст. Таровеҳро чигуна гузорем?",-суол гузоштааст Нурбек.

"Бародари азиз, ҷамоати намози таровеҳ суннати кифоя аст, аз ин рў, шумо метавонед онро дар хона ҳамроҳи аҳли оила бо ҷамоат гузоред",-посух додааст Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додани закот ба маҳбусон ҷоиз аст?: ҷавоби Шӯрои уламо

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасамхӯрӣ ба номи Аллоҳу қасамдиҳӣ ба Қуръон

Пештар Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар хоста буд, аз намоз дар кӯчаю хиёбонҳо худдорӣ намоянд.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки ҳар фарди мусулмон бояд ба ин фаризаи илоҳӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбати он беэътиноӣ накунад ва намозро дар масҷид ва ҷойҳои пок гузорад, на дар роҳравҳо ва назди издиҳому ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки мардум ба корҳои гуногун машғул мебошанд.

Оё мурдаҳо суханони зиндаҳоро мешунаванд? посухи Шӯрои уламо

“Зеро дар кӯчаву роҳравҳое, ки намоз гузорида мешавад, рафтуомади мардум зиёд аст ва эҳтимоли мавҷуд будани ифлосиҳо, ахлот ва наҷаси ҳайвонот ҷой дорад. Бояд донист, ки дар дини Ислом намоз хондан дар кӯчаву роҳравҳо манъ аст. Чунончи дар ҳадисе, ки дар боло зикр шуд, Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар роҳи рафтуомади мардум манъ намудаанд”, - изҳор дошт Маркази исломӣ.

Лентаи хабарҳо
0