ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 29 май дар Қасри Муътамароти шаҳри Ҷидда нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати омодагӣ ба 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲИ баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар он чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар иштирок намуд.
"Дар нишасти мазкур иштирокчиён лоиҳаҳои санадҳои ниҳоии 14-умин Ҳамоиши сарони кишварҳои аъзои СҲИ – ро муҳокима карданд",-омадааст дар хабарнома.
Иштироки Тоҷикистон дар Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои СҲИ
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими суботу амният ва таъмини шароит барои рушди устувор дар паҳнои СҲИ мавриди гуфтугу қарор гирифтанд.
Фелалиев дар Марокаш: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли қазияи Фаластин мебошад