ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар шаҳри Даккаи Бангладеш нишасти 45-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узвиСозмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳоти хориҷӣ.
Ин нишаст рӯзҳои 5-6 май, таҳти унвони "Арзишҳои исломӣ баҳри сулҳи устувор, ҳамбастагӣ ва рушд"баргузор шудааст.
Аз Тоҷикистон дар ин дидор муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Исматулло Насредин ширкат кардааст.
Вай дар суханрониаш таъкид кардааст, ки "Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад".
Дипломати тоҷик таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб кардааст.
"Дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз чораҳои эҳтиётӣ дар ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад", — гуфтааст Исматулло Насредин.