ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Русия пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди авфи муҳоҷирони тоҷик қабул кардааст. Интизор меравад, ба наздики мақомоти кишвар як раванди дигари авфи муҳоҷирони тоҷикро баргузор кунанд, аммо феълан расман на мақомоти тоҷик ва на мақомоти Русия дар ин бора изҳорот надодаанд.
Сухангӯи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон Иброҳим Аҳмадов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки "Русия пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди авф ҳанӯз ҳангоми сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия қабул карда буд, аммо дигар паҳлӯҳои масъала то ҳол баррасӣ мешаванд".
"Масъалаи авфи муҳоҷирони тоҷик дар рафти сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия, зимни мулоқоти сарони ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Ҷониби Русия пешниҳоди Тоҷикистонро дар ин хусус пазируфт", - таъкид намуд вай.
Тавре сухангӯи намояндагӣ афзуд, мақомоти Русия ва Тоҷикистон рӯи ин масъала кор мебаранд ва ҳатман умед ҳаст, ки авф эълон мешавад.
"Замони авф баъди мувофиқа шудани котегорияи муҳоҷироне, ки дар ин раванд фаро гирифта мешаванд, эълон карда мешавад", - афзуд вай.
Ӯ таъкид намуд, ки мақомоти тоҷик, аз ҷумла намояндагии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки дар ин раванд гурӯҳи бештари муҳоҷирон фаро гирифта шаванд.
"Ҳастанд муҳоҷироне, ки солиёни зиёд дар Русия қонуни муҳоҷиратро риоя намуда, собиқаи хуби корӣ низ доранд. Аммо бо як ҷарима ё қонуншикании ночиз вуруди онҳо ба Русия мамнӯъ шудааст, пеш аз ҳама ин нафарон бояд авф шаванд. Дар авфе, ки соли 2017 амалӣ шуд, танҳо ду гурӯҳи муҳоҷирон авф шуданд, ин дафъа мо кӯшиш мекунем, то ин раванд густурдатар гузарад", - гуфт вай.
Ёдрас мешавем, 16 апрел раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин масили муҳоҷиартӣ, аз ҷумла авфи муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ карда буд.
"Душанбе ба амалӣ шудани давраи дигар авфи муҳоҷирони тоҷик умед мекунад", - таъкид карда буд президенти Тоҷикистон дар муроҷиат ба раиси Думаи давлатии Русия.
Рӯзи 17 апрел мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин доир гардид, ки дар он низ сарони кишварҳо масоили муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, пас аз сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи феврали соли 2017 ба Тоҷикистон Русия барои муҳоҷирони тоҷик раванди авф эълон кард. Гурӯҳе аз муҳоҷирон имкон пайдо карданд, ки дар давоми як моҳ будубоши худро дар қаламрави Русия қонунӣ кунанд.
Моҳи майи соли 2017 эълон шуд, ки дар пайи амалиёти авф, дар умум 102 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз рӯйхати сиёҳ баромаданд.