Тоҷикистон ба авфи муҳоҷирони тоҷик дар Русия умед мебандад. Коршинос бар он аст, ки бояд муҳоҷирон дар бораи ҷанбаҳои авф ҳамаҷониба маълумот дошта бошанд.
Ба гуфтаи вай, бархе аз муҳоҷирон ба авф шудан бовар надоранд.
Поставнин об амнистии таджикских мигрантов в России
Поставнин таъкид мекунад, ки муҳим - муҳоҷирон будубоши худро қонунӣ кунанд.
Зеро онҳо ҳангоми будубоши ғайриқонунӣ бештар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.
"Бо ҳамин далел муҳоҷирони ғайриқонунӣ хавфноктаранд", - мегӯяд Поставнин.
Дар ҳолати будубоши қонунӣ бошад, муҳоҷирон қонунҳоро риоя мекунанд ва андоз месупоранд.
Ба гуфтаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода феълан шумораи муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия мамнӯъ аст, бештар аз 201 ҳазорро ташкил медиҳад.