Президент ба раисон: як бори дигар аз наздатон мегузарам, нашуд - ҷойро холӣ мекунед

© © Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба раисони бархе шаҳру навоҳиҳои Хатлон ҳушдор дода гуфтааст, ки агар кор карда натавнанд, ҷойиро холӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз шеваи кори бархе аз раисон изҳори нигаронӣ намуда, гуфтааст, ки агар вазифаашонро хуб иҷро карда натавонанд, сабукдӯш мешаванд.

Раисҷумҳур гуфтааст, ки бори охир ба онҳо ҳушдор медиҳад, агар камбудиҳоро ислоҳ карда натавонистанд, сипас чораҷӯӣ мекунад.

"Ман аз сатҳи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят қаноатманд нестам. Барои ҳамин, имрӯз як маротибаи дигар аз пеши шумо мегузарам. Шумо дарак доред, ки ман маздики якчанд раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро аз кор сабукдӯш кардам", - гуфтааст ӯ.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Президент Суғдро обод мекунаду ба мо аҳамият намедиҳад”: Раҳмон ин гапро шуниду шарҳ дод

"Кор карда метавонед, супоришҳоро сари вақт иҷро мекунед, қобилияти ташклотчигӣ доред, мардумро сарварӣ карда, соҳибӣ карда, мушкилоташонро бартараф карда метавонед -  вазифа насибатон кунад, агар натавонистед, ҷойро холӣ мекунед", - афзудааст вай.

Дар ҳамин кор раисҷумҳур аз вусъати корҳои ободонӣ дар баъзе аз минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба раиси вилоят, Қурбон Ҳакимзода супориш додаст, ки  раисҳои шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамоати мазкур бурда, аз ободониҳо дар ин минтақаъ шинос кунад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Сабзӣ коред: Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии "Сомонҷон" дидан кард

Ёдрас мешавем, президент ба вилояти Хатлон 23-24 май сафари корӣ дошт. Ҳангоми суханронӣ раисҷумҳур 15 шаҳру навоҳии вилоятро ном бурд, ки дар онҳо бархе лоиҳаҳо татбиқ нашудаанд.

"Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ, Левакант, Балҷувон, Кушониён, Вахш, Восеъ, Қубодиён, Темурмалик, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Шаҳритус ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, иҷрои онҳо дар ин шаҳру ноҳияҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад, ки ин боиси нигаронӣ мебошад", - қайд карда буд вай.

Лентаи хабарҳо
0