Сабзӣ коред: Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии "Сомонҷон" дидан кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур дод, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда дар баробари дигар намуди сабзавот, дар оянда кишти сабзиро ба роҳ монда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми бештар гузоранд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Нимаи дувуми имрӯз, 24-уми май дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Дар баробари дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии мазкур дар масоҳати беш аз 10 гектар пиёз кишт карда шудааст, ки 6 гектараш пиёзи барвақтӣ буда, ҷамъоварии ҳосил оғоз ёфтааст.

Посещение Хатлонской обсерватории животноводства на рынке Куминово Дангаринского района  - Sputnik Тоҷикистон
Захираи дусола: дастури Эмомалӣ Раҳмон ба чорводорон дар Данғара

Хоҷагидорон барои парвариш роҳу усулҳои муосир ва техникаи соҳавиро истифода кардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳосили  ҳар як гектар 500 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафар раисҷумҳур аз хоҷагии деҳқонии "Сангак Гулмурод" низ дидан намудааст.

Гуфта мешавад, хоҷагии деҳқонии "Сангак Гулмурод" соли 2004 таъсис дода шуда, 32 гектарро ташкил медиҳад. Бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда хоҷагидорон дар масоҳати 15 гектар пахта, 14 гектар гандум, 1 гектар қулфинай, 1,5 гектар полезӣ ва дар 50 садяк замини дигар помидор кишт намудаанд.

Дар хоҷагии мазкур 30 нафар ба шуғли доимӣ таъмин мебошанд.

Зимни шиносоӣ президент ба хоҷагидорон дастур додааст, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда дар баробари дигар намуди сабзавот, дар оянда кишти сабзиро ба роҳ монда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми бештар гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0