ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Аз давраи таъсисёбӣ то ин ҷониб Агентӣ бевосита ва якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, кишварҳои ИДМ ва Афғонистон зиёда аз 42 тонна маводи нашъадорро мусодира кардааст, эълон намуд Шерхон Салимзода, роҳбари Ожонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Ожонсӣ.
Вай инчунин қайд намуд, ки тӯли ин солҳо кормандони Ожонсӣ фаъолияти ҷинояткоронаи 754 гурӯҳҳои ҷиноятии нашъаҷаллобро қатъ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки санаи 1 июни соли 1999 Ожонсӣ дар асоси Протаколи байни Тоҷикистон ва Роҳбари Дафтари намояндагии Раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва бо Фармони Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Тавре, ки Шерхон Салимзода зимни суханрониаш бахшида ба 20-солагии Ожонсӣ қайд намудааст, таъсиси сохтори алоҳидаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон нахустин барнома дар таҷрибаи СММ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.
Инчунин вай таъкид намудааст, ки дар ин давраи кутоҳ Ожонсӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тавоною пуриқтидор табдил ёфта, аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон пазируфта ва эътироф гардидааст.
“Ожонсӣ на танҳо аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилаллӣ аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи умумибашарӣ ҳамчун мақоми махсусгардонидашудаи саҳмгузор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа пазируфта ва эътироф гардидааст”, -гуфт Салимзода.