ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Мақомоти кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд зимни корҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ 100 кило маводи нашъаворро аз манзили як сокини ноҳияи Б. Ғафуров ошкор ва мусодира намудаанд.
Ин миқдор маводи мухаддирро Ҳаким Раҳмонов, сокини 53 солаи ҷамоати Ёваи ноҳияи Б. Ғафуров дар хонаи истиқомати худ дар зери хок пинҳон медоштааст.
Хабари мусодираи 100 кило маводи мухаддир аз ҳавлии сокини ноҳияи Б. Ғафуровро телевизиони маҳаллии СМ -1 и Хуҷанд пахш кардааст.
Охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ Ҳаким Раҳмонов аз ҷониби кормандони кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дасгир шудааст.
“Зимни азназаргузаронии хонаи Ҳаким Раҳмонов, ки дар ҳузури ӯ сурат гирифтааст, аз қисмати рости дари даромадгоҳи манзили сохтмонаш нотамом, 9 адад халтаҳои дар дохилашон бастаҳои даврашакли хамирмонанди бӯи махсус дошта ва бастаҳои чоркунҷашакли фишурдаи бӯи махсусдошта, ки ба маводи нашъадори навъи гашиш ва афюн монанданд дарёфт ва мусодира карда шуд”, таъкид шудааст, дар гузориши телевизион.
Таҳқиқи ин ҳолати кор маълум намудааст, ки миёнаҳои моҳи январи соли 2019 ба хонаи Ҳаким Раҳмонов, шиноси деринааш Саъдӣ ном сокини деҳаи Рӯмони ноҳияи Б. Ғафуров ташриф оварда, пешниҳод намудааст, ки бар ивази маблағи пулӣ, Раҳмонов дар хонаи истиқоматиаш ин миқдор маводи нашъадорро ба муҳлати муайян нигоҳ дорад. Ба ин пешниҳоди Саъдӣ, Ҳаким Раҳмонов розӣ шудааст. Ҳаминтавр онҳо, Ҳаким ва Саъдӣ ҳарду ҳам сокинони ноҳияи Б. Ғафуров бо мақсади пинҳон доштани амалҳои худ, замини сохтмонаш нотамомро ҳамчун махфигоҳи маводи нашъадор истифода намудаанд.
Бино бар хулосаи экспертизаи ташхиси криминалии Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 100 килограмм маводи нашъадор, ки ба тадқиқоти судӣ- криминалистӣ пешниҳод шудааст, воситаи нашъадори навъи сахттаъсири афюн ва гашиш будааст.
Ҳаким Раҳмонов соли 2005 ҳангоми дар шаҳри Екатеринбурги Русия қарор доштанаш, як дафъа бо сабаби алоқамандӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум шуда будааст.
Ҳоло нисбати Ҳаким Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш дар асоси моддаи 200 қисми 4, банди “б” (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.