ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Чун солҳои қаблӣ имсол низ хатмкунандагони дабистонро бидуни занги камолот ва маросими махсус тарк гуфтанд.
Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Шоҳмансур дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бахшида ба занги камолот маросиме дар дабистон баргузор нашуда ва синфҳои 11 шаш соат дарс хондаву баъд бо имзои волидон ба хонаҳояшон рафтаанд.
"Дар саҳни мактаб шеърҳо дар васфи Ваҳдати миллӣ қироат шуду ҳама ба дарс даромаданд", — афзуд муаллима.
Ба ҳамин монанд хонандагони мактаби рақами 72 —и ноҳияи Фирдавсӣ низ бидуни занги камолот мактабро хатм карданд.
"Чун ҳаррӯза омадему ба дарс даромадем. Омӯзгорон аз паси дарсдиҳӣ хонандагон аз паси дарсхонӣ", — гуфт муаллими мактаб дар суҳбат бо мо.
Вале Вазорати корҳои дохилаи ҶТ аз рафтори хонандагон ва омӯзгорони як қатор дабистонҳои шаҳри Душанбе норозӣ буда, муаллимонро дар саҳлангорӣ ва донишомӯзонро дар бетартибӣ ва беҳудагардӣ мутаҳҳам мекунад.
Чунончи дар паи баргузории санҷишҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД маълум шуд, ки донишомӯзон ба беҳудагардӣ машғул мешаванд.
"Ҳангоми гузаронидани санҷиш, дар мактабҳои рақами 11, 37, 50 ва 56 шаҳри Душанбе муайян гардид, ки ҳангоми дарс бархе аз хонандагон дар машғулиятҳо ҳузур надошта, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд.
"Намуди зоҳириашон низ ба талабот ҷавобгӯй набуд", — омадааст дар хабарномаи ВКД ҶТ.
Вазорат менависад, ки ширкати хонандагон дар дарсҳо на чандон фаъол буда, ҳангоми санҷиш маълум шуд, ки дар ҳар синфхона 7-8-нафарӣ дар дарс ҳузур надоранд.
"Ҳатто дар баъзе синфхонаҳо бо вуҷуди оғоз шудани соати дарсӣ, аз омӯзгорон дараке набуд", — меафзояд манбаъ.