ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тибқи иттилои ҳавзаи низомии марказии Русия, баталиони нав бо маҷмааи ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орлан – 10” мусаллаҳ гардид, ки тавоноии ҷангии пойгоҳи 201-ро бештар месозанд.
“Баталиони ҷадид хадамоти кашшофӣ ва ошкор кардани ҳадафро таъмин сохта, барои тирпарронии дақиқи артиллерия то 120 километр мусоидат мекунад”, - омадааст дар иттилоияи Ҳавзаи марказии низомии Русия.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орлан – 10” назоратро дар минтақаҳои мушкилгузар дар шароити гуногуни ҳаво таъмин намуда, 15 соат бетанаффус метавонад парвоз кунад.
Ҳайатҳои идоракунандаи ин маҷмааҳо аз курсҳои омӯзишии махсус мегузаранд, ки 3 июн оғоз хоҳанд шуд.
Мақомоти низомии Русия таъкид кардаанд, ки дар маҷмуъ баталиони нав имконоти ҷангии пойгоҳи 201-ро ҳангоми кашшофӣ ва дақиқсозии самти оташкушоии воҳидҳои тирандозу танкӣ бештар мекунад.
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, алайҳи таҳдидҳо аз Афғонистон нерӯи пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро пурзӯр мекунанд.