Аз амният то афзалият: суҳбати Раҳмон бо Шойгу дар Қасри миллат

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с министром обороны РФ Сергеем Шойгу
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон встретился с министром обороны РФ Сергеем Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъи Федератсияи Русия Сергей Шойгу дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири дифоъи Федератсияи Русия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад",-омадааст дар хабарнома.

Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқот бо Раҳмону навсозии пойгоҳи 201: Шойгу вориди Тоҷикистон шуд

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла масъалаи таъмини амният муҳокима карда шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Шойгу имрӯз бо роҳбарияти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои навсозии неруҳои ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-и Русия гуфтушунидҳо мегузаронад. 

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-пойгоҳи бузургтарини Россия дар хориҷ аз кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон-Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Тибқи Созишномаи соли 2012 ба имзорасида ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0