Президент гуфт, фитри рӯзаро ба эҳтиёҷмандон расонед: маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар фарҷоми он раисҷумҳур дастур дод, фитри рӯза ба ниёзмандон расонида шавад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Имрӯз, 31 май дар Душанбе маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маҷлис нахуст раиси Кумитаи сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ҳисобот дод. Раисҷумҳур ба ӯ дастур додааст, ки ба соҳаи гардишгарӣ дар кишвар аҳамияте бештар дода шавад ва имкониятҳои сайёҳӣ муаррифӣ шаванд.

Озода Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр

Дар кори маҷлис лоиҳаи тағйирот ба якчанд қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи буҷа ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.

"Сипас дар кори маҷлис масъалаи тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, ба миён гузошта шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Дар маҷлис масъалаҳои дигар, аз ҷумла фазои сармоягузорӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ, Андоза ва тартиби пардохти стипендия ба донишҷӯён, аспирантон ва докторантон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Қарори президент: иди саиди Фитр дар саросари ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил шавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ аз таъмини озуқа дар бозорҳои Душанбе ва омодагиҳои пойтахт ба чорабиниҳои байналмилалӣ дар пойтахт ҳисобот додааст.

Дар анҷом раисҷумҳур ба масъулин дастурҳо дода, гуфтааст фитри рӯза ба ниёзмандон расонида шавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки масъулини ҷамоату маҳаллаҳо ба ҷамъоварии фитри рӯза оғоз карданд.

Ба гуфтаи онҳо, худи масъулин рӯйхати оилаҳои ниёзмандро ташкил додаанду маблағҳоро ба эшон мераСонанд.

Лентаи хабарҳо
0