Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Рахмон. Архивное фото
Озода Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки роҳбарон дар кишвар садақаи фитрро ба афроди ниёзманд, хона – интернатҳо ва дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ диҳанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон имрӯз зимни ҷаласаи ниҳоди тобеяш аз супориши роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳур дар бораи садақаи фитр хабар дод.

Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Эълони оғози Рамазон, пули нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистон

“Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон садақаи фитрро ҳамчун кӯмак бояд ба ашхоси эҳтиёҷманд, яккаву танҳо, ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, хона-интернатҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супоранд”, - изҳор доштааст Олимзода имрӯз зимни ҷаласаи Вазорати тандурустӣ.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта мақомот хоста буданд, ки  садақаи фитр ба раисони маҳаллаҳо ва имомони масоҷид дода шавад, то онҳо ин маблағро ба ниёзмандон расонанд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Рустами Эмомалӣ ба тарабхонаҳои пойтахт дар моҳи шарифи Рамазон

Шӯрои уламои Тоҷикистон соли равон садақаи фитрро мувофиқи меъёри шаръӣба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ муайян кардааст, ки дуюмӣ ба шахсони тавони молияшон бештар рабт дорад.

“Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад”, - таъкид шудааст дар иттилоияи имсолаи Шӯрои уламо.

Садақаи фитр одатан пеш аз Иди Фитр дода мешавад. Моҳи Рамазон 30 рӯз, то 4 июн давом хоҳад дошт ва 5-уми июн дар Тоҷикистон Иди Фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд. 

Лентаи хабарҳо
0