ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон сафари Доналд Туск ба Тоҷикистонро нишонаи возеҳи ҳавасмандии ҷонибҳо ба идома додани ҳамкориҳои судманду гуногунпаҳлӯ хондааст.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он равандҳои нави сиёсию иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёфтаанд.
“Ин воқеият зарурати васеътар кардани доираи рӯзномаи ҳамкориҳо ва таҷдиди заминаи ҳуқуқии онҳоро пеш овардааст.Ин аст, ки мо масъалаи мазкурро мавриди музокирот қарор дода, барои оғоз бахшидан ба раванди таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба мувофиқа расидем”, - гуфт Раҳмон.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодӣ, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо - "Ҷи Эс Пи Плюс", “GSP+” -, ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархурдор хоҳад кард, баррасӣ намудем”.
Раисиҷумҳур аз 500 миллион евро кумаки Иттиҳоди Аврупо то соли 2015 зикр карда, афзудааст, ки айни замон дар чаҳорчуби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои рушди маҳал, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон лоиҳаҳо бо маблағи зиёда аз 250 миллион евро татбиқ шуда истодаанд.
Инчунин ҷониби Тоҷикистон иброз доштаст, ки Иттиҳоди Аврупоро дар қатори Барномаи рушди СММ чун шарики калидии татбиқи Стратегияи рушди миллӣ то давраи соли 2030 дидан мехоҳад.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонуни маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон падидаҳои мазкур муқовимати муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар муқобили онҳо тақозо менамояд.
Зимни баррасии амнияту суботи марзҳои Тоҷикистон ва вазъи Афғонистону минтақа Эмомалӣ Раҳмон ниёзмандии ҷониби Тоҷикистон ба мустаҳкам намудани хатти сарҳад ва мусоидати Иттиҳоди Аврупоро дар ин амр, аз ҷумла тавассути тавсеаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, таъкид доштаст.
“Ҳамзамон мо татбиқи лоиҳаҳои минтақавиро баҳри беҳтар намудани сатҳи иқтисодию иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор омили муҳими истиқрори вазъ дар он унвон кардем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур афзуд, ки ҷонибҳо ба муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, омодагии худро барои идомаи он иброз намуданд.
“Масоили мухталифи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳаводиси ташвишовар дар мамлакатҳои Ховари Миёна низ, мавриди мубодилаи афкор дошт. Дар ин иртибот мо сари он ақида қарор доштем, ки мушкилоти ин кишварҳо қабл аз ҳама тавассути гуфтушунид ва бо роҳу василаҳои сулҳомез бояд ҳаллу фасл шаванд”, - гуфтааст Раҳмон.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки Туск аз ин сафарашон ба Тоҷикистон таасуроти хуб хоҳад бардошт.