Баъди интиқоди Президент: парванда зидди Орзуев барои қочоқи мол ба 12 миллион сомонӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон соҳибкор Мирзошариф Орзуевро дар қочоқу соҳибкории ғайриқонунӣ ба маблағи махсусан зиёд муттаҳам кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, Орзуев Мирзошариф, соли 2015 низ барои қочоқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, аммо аз ин ҳолат хулосаи зарурӣ набаровардааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
“Нанотехнологияи тоҷикӣ”: номгузории Президент ба порахӯрҳо ва суҳбат аз Раҷабзодаи дигар

Манбаъ афзуд, Орзуев, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар қайди нозироти андози ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дорад, бо мақсади пинҳон намудани даромади худ ба миқдори махсусан калон молу колоро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кардааст.

Ожонс зикр кардааст, ки Орзуев бо мақсади пинҳон кардани даромади худ дар солҳои 2016 - 2017 ба номи ҶДММ “Ирфон Рустам” ба маблағи 11 миллиону 217 ҳазору 214 сомонӣ ва дар давраи соли 2017 ба номи ҶДММ “Асъор-2” ба мабалғи 741 ҳазору 906,1 сомонӣ молро ба Тоҷикистон ворид намуда, ба фурӯш баровардааст.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар натиҷа даромади умумии ба Орзуев 526 ҳазору 891 сомониро ташкил дода, аз ҳисоби напардохтани андоз ба давлат ба маблағи умумии 336 ҳазору 278,0 сомонӣ зарар расонида шудааст.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Беҷазоӣ фасодкоронро дар Ҳукумат зиёд кард: Кодекси ҷиноӣ тағйир меёбад

Ожонс афзуд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Орзуев бар асоси моддаи 259-и Кодекси ҷиноӣ, яъне соҳибкории ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтишот ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин гузориши Ожонси зидди фасод дар ҳоле нашр гардид, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қочоқи зиёди мол ба кишвар ва беҷазоии мансабдорон интиқод карда, таъкид намуд, ки на танҳо соҳибони мол, балки мақомдорони дастандаркор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон яке аз сабабҳои густариши фасодкорӣ беҷазо мондани мақомдороне, ки дар ин ҷинояткориҳо даст доранд.

Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
“Схема”-и пулкоркунӣ ва роҳи баста барои бекасҳо ба гумрук: саркардаҳо маълум шуданд-видео

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо кормандони умури молия, андоз ва гумрук таъкид намуда буд, ки сабаби идомаи ҷинояткорӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар он аст, ки кормандон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд. Ӯ омори садҳо парвандаҳои ҷиноӣ дар ин бахшро мисол овард, ки танҳо соҳибони мол барои қочоқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, аммо масъулине, ки дар он даст доштаанд беҷазо мондаанд.

“Ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид карда шавад, кадом корманде набошад, барои роҳ додани чунин камбудиҳо умуман ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашавад. На танҳо соҳиби мол балки кормандони андозу гумрук ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Як камбудӣ кард, ҳамон дақиқа бояд аз система бароред. Дар соҳа кор накунад. Дар ягон ҷо ба хизмати давлатӣ қабул карда нашавад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон

Лентаи хабарҳо
0