ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik.Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 28-солаи сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам дастгир намуданд. Дар ин бора дафтари матуоти ВУД хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, аз 15-уми ноябри соли 2018 дар қайди Маркази ВНМО-и шаҳри Кӯлоб ҳамчун шахси гирифтори ВНМО ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин нигоҳ накарда, ба танфурӯшӣ машғул будааст.
"18-уми майи соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа, номбурда бо марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур дар хонаи истиқоматиаш бе истифода аз рифола алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро таҳти хавфи сирояти СПИД қарор додааст", - менависад манбаъ.
Нисбати зани номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 125 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ (Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар) то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.