Ҳукми мардикори тоҷике, ки зани мусалмониашро дар Душанбе мубталои СПИД кард

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Русия мубталои бемории СПИД шудаасту дар Ватан ҳамсари мусалмонияшро сироят кардааст, ба 7 моҳи зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили  Сомонӣ, маҳкумшуда дорои маълумоти миёна ва расман муҷаррад буда, аз соли 1997 то инҷониб ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтааст. Ӯ зимни ин сафарҳо дар пайи алоқаи ҷинсӣ бо шахси барои тафтишот номаълум олудаи вируси норасоии масунияти одам шудааст.

Взрыв бытового газа в жилом доме в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Таъини ҷарроҳии нави Улфатов ва шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи фоҷеаи Магнитогорск

Манбаъ афзуд, шаҳрванди мазкур соли 2013 ба қайди Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО гирифта шуда, барои сироят накардани дигарон огоҳонида шудааст.

Бар асоси иттилои додгоҳ, ин мард дидаю дониста моҳи июли соли 2018 бо шаҳрванд Б.Б, тариқи мусулмонӣ оиладор шуда, дар хонаи бародараш дар шаҳри Душанбе бе истифодаи рифола алоқаи ҷинсӣ намуда, ҳамсарашро мубталои беморӣ кардааст.

Муттаҳам гуноҳашро иқрор кардааст ва додгоҳ бо назардошти тамоми ҳолатҳои парванда ӯро ба 7 моҳи ҳабс дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0