Чигуна равғани “Лукойл”-и Русия "Silver"- и Олмон мешуд: ҷазои Файзуллоев дар Хуҷанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗаправочный пистолет в бензобаке автомобиля на автозаправочной станции "Лукойл", архивное фото
Заправочный пистолет в бензобаке автомобиля на автозаправочной станции Лукойл, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд соҳибкор Саидолимхон Файзуллоевро дар сохтакорӣ гунаҳкор дониста, ба 2 солу 6 моҳи зиндони шартӣ ва 1,5 соли маҳрумият аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Файзуллоев Саидолимхон Ибрагимович сокини шаҳри Хуҷанд, мохи ноябри соли 2018 анбори муассисаи "Сорбон", воқеъ дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷандро ба иҷора гирифта, дастгоҳи истеҳсоли зарфҳои пластикии ғунҷоишашон аз 0,7 то 4,0 литрро насб намудааст.

Искандаров Сайвалӣ, маҳкумшуда ба ҳабси абад барои таҷовуз ба намус - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабси абади Искандаров барои таҷовуз ба номуси нафари наздикаш

Ба иттилои манбаъ, сипас Файзуллоев аз мағозаи “Лукойл”-и шаҳри Хуҷанд 1600 литрро бо нархи 11,25 сомонӣ сари ҳар литр харида,  онро ба зарфҳои полиэтилении ғунҷоишаш 4 литр, ки худаш истеҳсол кардааст, тақсим намудааст.

Додситонӣ афзуд, ки Файзуллоев дар рӯи зарфҳо тамғаи коғази навъи "Silver"- ро, ки онро низ худаш омода кардааст,  насб намуда, маҳсулотро ҳамчун истеҳсоли ҷумҳурии Олмон ба якчанд мағозаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил дар шаҳри Хуҷанд супоридааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи санҷиш сохтакории Файзуллоев Саидолимхонро ошкор карда, баъди тасдиқи фикри айбдорӣ парвандаро ба додгоҳ равон намудаанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд соҳибкор Саидолимхон Файзуллоевро дар сохтакорӣ гунаҳкор дониста, 2 солу 6 моҳи зиндони шартӣ ва 1,5 соли маҳрумият аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳкум кард.  

Лентаи хабарҳо
0