ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи шаҳри Душанбе, ҳукми Искандаров 28 майи соли равон эълон гардид.
Манбаъ афзуд, ки Искандаров Сайвалӣ Ҳусайнович бар асоси моддаи 138 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум гардид.
Ба иттилои додгоҳ, моддаи мазкури Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, "ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҷовуз ба номус, яъне алоқаи ҷинсӣ бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё нисбати дигар шахсони ба ӯ наздик ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зане, ки баръало нисбати хеши наздик содир шуда бошад, муқаррар мекунад".
Додгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳукмаш аз 28 майи соли 2019 таъкид намудааст, ки ҷазо дар намуди ҳабси якумра нисбати Искандаров Сайвалӣ Ҳусайнович дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус татбиқ гардад. Гуфта мешавад, ки ҷабрдида духтари маҳкумшуда мебошад.
Назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест ва додгоҳи Душанбе низ ҷузъиёти бештарро ироа накардааст.