ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти ҳукумати Русия.
Сафари Дмитрий Медведев ба Узбакистон ду рӯз, аз 29 то 30 май идома хоҳад ёфт.
“Дмитрий Медведев ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов, дар кори нахустин ҷаласаи комиссияи муштарак дар сатҳи ҳукуматҳои Русияву Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Инчунин, қарор аст нахуствазири Русия бо Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ кунад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқоти Дмитрий Медведев бо ҳамтои узбакистониаш Абдулло Арипов масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи савдо, иқтисод, сармоягузорӣ, илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла, тарафҳо тасмим доранд масоили пружаҳои бузурги энергетикӣ, саноатӣ, нақлиётӣ ва технологияҳои муоссирро баррасӣ намоянд.
Манбаъ аз ҳукумати Русия илова кардааст, ки дар доираи сафари расмии Дмитрий Медведев ба Узбакистон, имзои як зумра санаду созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун дар назар аст.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта 31 май нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон сафар карда буд ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мулоқот кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, муҳоҷират ва гуманитариро баррасӣ намуданд.