Медведев: Русия барои шаҳравандони хориҷӣ гирифтани иҷозаи истиқоматро осон мекунад

© пресс-служба РТПремьер-министр России Дмитрий Медведев
Премьер-министр России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи раиси Кабинаи вазирон, Ҳукумати Русия доираи шаҳрвандонеро, ки бидуни гирифтани РВП метавонанд ВНЖ ба даст оранд, васеъ мекунад.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ҳукумати Русия феҳристи гурӯҳи шаҳрвандони хориҷиеро, ки бидуни гирифтани иҷозаи истиқомати муваққатӣ (РВП), метавонанд иҷозаи истиқомат (ВНЖ) ба даст оранд, васеъ мекунад, изҳор дошт нахуствазири Русия Дмитрий Медведев.

"Мӯҳлати баррасии аризаҳояшон низ аз шаш то чор моҳ кӯтоҳ карда мешавад. Ин тартибот нисбати чанд гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мешавад", - афзуд вай.

Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эстония ба як зодаи Тоҷикистон шаҳрвандӣ медиҳад

Ба гуфтаи раиси Кабинаи вазирон, Ҳукумати Русия доираи шаҳрвандонеро, ки бидуни гирифтани РВП метавонанд ВНЖ ба даст оранд, зиёд мекунад.

Соли гузашта дар Русия бештар аз 17,7 миллион нафар муҳоҷир  сабтином шуда буанд, ки нисбат ба соли 2017 2 миллион бештар буд.

Ёдрас мешавем, пештар  раисҷумҳури Русия Владимир Путин гирифтани шаҳрвандиро барои бархе аз атбои Афғонистон, Сурия ва Ироқ осон карда буд.

Тибқи фармони Путин, гуруҳе аз шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ ва Сурия ҳаққи дархости шаҳрвандӣ бо шеваи содагардонидашударо пайдо намуданд.

Актриса и певица Наталья Орейро - Sputnik Тоҷикистон
"Ман рус ҳастам!": Наталия Орейро аз Путин шаҳрвандӣ хост

Ба гурӯҳ, шаҳрвандони Афғонистон, Сурия, Яман ва Ироқ шомил мешаванд, ки дар гузашта дар Русияи Шӯравӣ таваллуд шудаанд, ё шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравиро доштаанд.

Чунин ҳуқуқро инчунин бозмондаҳои ихроҷшудаҳо аз Қрим низ пайдо кардаанд.

Қаблан Путин фармони содасозии гирифтани шаҳрвандӣ барои сокинони навоҳии Луганску Донетски Украинаро имзо намуда буд. Ба иддаои Путин ин иқдом бо ҳадафҳои башардӯстӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои сокинони Луганску Донетск роҳандозӣ шудааст, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Киев дар муҳосира қарор дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0