Ин қазия дар минтақаи Клакама дар оғози моҳи равон рух дод, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навори онро танҳо рӯзҳои истироҳати гузашта нашр кардаанд.
Тибқи изҳороти пулис, ин нафар бо табарчае мусаллаҳ шуда, қасд дошт мағозаро ғорат кунад, аммо кораш барор нагирифтааст, чун фурӯшанда таппонча доштааст.
Бар асоси навор, ҳамлагар вақте таппончаро дид, оҳиста табарро монду ба зону зад. Ӯ баъди чанд лаҳзаи сархамӣ бо истифода аз фурсат ҷаҳида фирор намуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашри эълон дар бораи ҷустуҷӯи фирорӣ дар иттилоияашон таъкид кардаанд, ки мехоҳанд ҳамлагар ва табарро дубора ба ҳам оранд.
“Мо мехоҳем шуморо бо табаратон, ки дар ҷои ҳодиса монда фирор кардед, дигарбора якҷо созем”, - таъкид кардааст пулис дар хитоб ба муттаҳами фирорӣ.