Эълони ҷустуҷӯи Гулнигор, Саймурод ва Суннатулло тариқи телевизион - видео

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар гузориши ҳафтаинааш аз ҷустуҷӯи 4 ҷавоне хабар дод, ки ахиран бедарак гаштаанд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. ВУД дар охири гузориши ҳафтаинааш тариқи телевизиони Тоҷикистон бо пешниҳоди акси ҷавонҳои бедаракшуда аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар пайдо намуданашон кумак кунанд.

Баҳринисо Абдураҳмонова, мудири созмони ҷамъиятии Диёр дар Хуҷанд  - Sputnik Тоҷикистон
Зани тоҷик аз шавҳари “бомж”-шудааш рӯй гардонд: қиссаҳои “Жди меня” дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, Гулнигор Зокирова, соли таваллудаш 2000-ум, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад, ки 13 майи соли ҷорӣ аз хона баромада, ба самти номаълум рафтаст.

ВУД бо пешниҳоди акси навраси дигари бедаракшуда - Мирзохон Маҳмадуллоев, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод, ки номбурда 17 майи соли ҷорӣ аз хона баромада, ба самти номаълум рафтааст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Суннатулло Маҳмадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз 23 апрели соли ҷорӣ бедарак аст.

Инчунин мақомоти умури дохилӣ Саймурод Ҷӯраев, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фархорро кофтукоб доранд, ки бедарак аст.

ВУД аз тамошобинон даъват намуд, ки дар сурати доштани маълумот дар бораи ин афрод тариқи телефони 221 21 21 ва 227 28 28 дар тамос шаванд.

Лентаи хабарҳо
0